садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол

Садриддин Айнӣ

Садриддин Айнӣ 15-уми апрели соли 1878 дар қишлоқи Соктареи ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро, дар оилаи деҳқони камбағал таваллуд меёбад. Азбаски падари С. Айнӣ – Саидмуродхоҷа танҳо бо деҳқонӣ эҳтиёҷи оиларо қонеъ гардонида наметавонист, маҷбур буд, ки ба касбҳои бофандагӣ ва сангиосиёбтарошӣ низ машғул шавад.

Моҳи октябри соли 1890 Садриддин ба умеди хондану шахси бофазлу камол шудан роҳи Бухороро пеш мегирад. Барои ба ин мақсад ноил гаштан ӯро лозим омад, ки бисъёр монеаю нодорамиҳои зиндагӣ, азобу душвориҳои моддию маънавиро паси сар намояд, дар кўчаҳои тангу тори Бухоро ба умеди пайдо кардани манзилгоҳ сарсонию саргардониҳо дида, хизмати шарикдарсони сарватманди кундзеҳн ва монанди инро ба ҷо орад. Бо вуҷуди ин истеъдоди фитрӣ, муҳаббати бепоён ба адабиёт, санъату маданияти халқи тоҷик, меҳнатдўстӣ ба Айнӣ имкон дод, ки дар андак муддат дар байни толибилмон бо донишмандию завқи баланди шеършиносӣ обрўю эътибор пайдо намояд. Ҳатто, шахсоне, ки Айнӣ хизмати онҳоро мекард, тадриҷан муносибати худро тағъир дода, ўро иззату ҳурмат мекардагӣ шуданд.

Садриддин Айнӣ зуд-зуд бо тахаллусҳои мухталифи «Сифлӣ», «Мўҳтоҷӣ», «Ҷунунӣ» шеърҳо менависад ва баъдтар, аз соли 1986 сар карда, яъне дар сини 18 солагӣ тахаллуси «Айнӣ»-ро қабул мекунад.Тахаллуси «Айнӣ» барои Садриддини ҷавон хеле маъқул шуд, чунки ин калима дорои 48 маъно буда «чашм», «манбаъ», «моҳият», «аломат» ва монанди инҳо аз ҷумлаи он маъноҳоянд.

Садриддин Айнӣ ҳанўз дар ҷавониаш ҳамчун олим ва шоир машҳур мешавад. Онҳое ки пештар ба ин ҷавони қишлоқӣ бо таҳқир нигоҳ мекарданд, акнун аз тарси ашъори ҳаҷвии ў тарсида хушомад мегуфтанд ва кўшиш мекарданд, ки ўро ба хизмати амир ба дарбор ҷалб намоянд.

Соли 1916 ҳангоми дар Қаршӣ будани Садриддин Айнӣ хабар расид, ки ўро дар мадрасаи «Хиёбон» мударрис таъин кардаанд. Айнӣ барои аз ғазаби амир халос шудан ин вазифаро расман қабул кард. Дар асл тамоми корро ба ўҳдаи калоншавандагони мадраса вогузошт.

Моҳи апрели соли 1917 ҷадидҳои Бухоро ба муносибати «фармони ислоҳот»-и амир зери шиори « Зинда бод амири ҳурриятпарвар» намоиши миннатдорӣ гузарониданӣ шуданд. Бо вуҷуди он ки Садриддин Айнӣ дар ибтидои фаъолияти иҷтимоию сиёсии худ ба ҳаракати ҷадидӣ хайрхоҳ буд, муқобили намоиш баромад ва пешвоёни онро аз ин роҳи хатарнок боздоштанӣ шуд. Вале ҷадидон ба гуфтаҳои Садриддин Айнӣ этибор надоданд ва намоиши «миннатдорӣ» бо фоҷиа анҷомид.

Ҳарчанд Айнӣ дар намоиш иштирок накард, 9-уми апрел ўро аз ҳуҷрааш дастгир карда, 75 чўб зада, ба зиндон партофтанд. Бо қарори Шӯрои депутатҳои коргарони Когон сарбозони инқилобӣ ўро аз зиндони амир озод карданд. Ба ин муносибат митинге барпо гардид, ки дертар Садриддин Айнӣ чунин ёдоварӣ мекунад: «Ман, ки бо хўрдани 75 чўби амир гиря кардан он тараф истад, «воҳ» нагуфта мардонавор истода будам, дар ин ҷо аз гиря худдорӣ карда натавонистам – ин гиряи шодӣ буд». Пас аз муолиҷаи дуру дароз дар беморхонаи Когон Садриддин Айнӣ 3-юми июни соли 1917 ба Самарқанд меравад ва он ҷоро иқоматгоҳи доимии худ қарор медиҳад.

Инқилоби Октябр (1917)-ро ў бо хушнудӣ пешвоз гирифта, аз рўзҳои аввал ба хизмати он камар мебандад ва дар сохтмони ҳаёти нави сотсиалистӣ фаъолона иштирок менамояд.

Аз соли 1918 дар маҷмўи маорифи халқ ва матбуоти инқилобии тоҷику ўзбек кор мекунад. Сипас, дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон (аз соли 1926) вазифаи мушовир ва муҳаррири адабиро иҷро мекунад.

Солҳои 1935-1940 боз якчанд асарҳои насрӣ: повестҳои «Мактаби кўҳна» (1936), «Марги судхўр» ва «Ятим» (1939), очеркҳои «Колхози коммунизм» (1934), «Ҷашни таърихӣ» (1936) ва «Тирози ҷаҳон» (1939)-ро эҷод мекунад.

Ў соли 1943 аъзои фахрии Академияи фанҳои Ўзбекистон интихоб мегардад ва баъдтар (1948) шўрои илмии Университети Ленинград ба вай унвони доктори илми филологияро медиҳад. Сипас, академик ва аввалин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951) интихоб мешавад.

Дар солҳои 1949-1954 асари чорҷилдаи тарҷимаиҳолии ў «Ёддоштҳо» ба табъ мерасад, ки дар он муҳимтарин лаҳзаҳои таърихии ҳаёти халқи тоҷик аз охирҳои асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ инъикос ёфтааст. Барои ҷилди якум ва дуюми «Ёддоштҳо» ў соли 1950 Лауреати мукофоти давлатӣ мегардад.

Садриддин Айнӣ дар баробари фаъолияти адабӣ бисёр асарҳои илмӣ низ таълиф намудааст. Чунончӣ, доир ба таърих ду рисолаи калон «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (1923) ва «Материалҳо оид ба таърихи инқилоби Бухоро» (1926) ва якчанд мақолаҳои ў доир ба масъалаҳои забоншиносии солҳои бистум барои демократикунонии забони адабии тоҷик ва инкишофи минъбадаи он нақши муҳим бозидаанд.

Хизмати С.Айнӣ дар соҳаи адабиётшиносӣ низ хеле бузург мебошад. Адабиётшиносии давраи шўравии тоҷик таърихи худро бо нахустин асари таҳқиқотии ў « Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) оғоз менамояд. Рисолаҳои илмии вай оиди ҳаёт ва эҷодиёти Рўдакӣ, Сино, Саъдӣ, Навоӣ, Бедил, Восифӣ ва ғайра то кунун аҳамияти худро гум накардаанд.

Осори адабиву илмии С.Айнӣ дар «Куллиёт»-и понздаҳҷилдаи ў гирд оварда шудаанд.

С.Айнӣ як қисм асарҳояшро ба забонҳои ўзбекӣ таълиф ва тарҷума намуда, дар рушди адабиёти шўравии ўзбек низ саҳми худро гузоштааст. Номи С.Айнӣ дар конфронси дуввуми нависандагони Осиёву Африқо (Қоҳира, феврали соли 1962) дар қатори бузургтарин адибони Шарқ-Робиндранат Такур, Таҳо Ҳусайн, Лу Синъ ёдоварӣ шудааст. Тарҷумаи романи Ф.Дюшен «Қамар» (1974) ба қалами ў тааллуқ дорад.

Аксарияти таълифоти С. Айнӣ, хусусан асарҳои калони насрияш ба забонҳои қариб ҳамаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва бисёр мамолики хориҷ тарҷума ва чандин маротиба нашр гардидаанд.

С.Айнӣ узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии халқии Бухоро (1923), узви Кумитаи Иҷрояи Марказии ҶШС Тоҷикистон (1929), депутати Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1947) ва Шўрои Олии ИҶШС (1950-1954) ва борҳо депутати Шўроҳои шаҳрии шаҳрҳои Самарқанду Душанбе интихоб шудааст.Вай узви раёсати Иттифоқи нависандагони ИҶШС (1934), ходими Хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1940) буд.

Устод Садриддин Айнӣ 15 июли соли 1954 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пўшид. Ҳоло Мақбараи Айнӣ дар як ҷои хушманзараи Душанбе зиёратгоҳи аҳли адаб аст. Соли гузашта шаҳрдории Душанбе ин боғро таъмир ва мақбараро навсозӣ намуд ва ҳоло як боғи нурониву пургули пойтахт ба шумор меравад.

8-уми сентябри соли 1997 бо Фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба устод Садриддин Айнӣ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон

Источник

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол

Садриддин Айнӣ

Садриддин Айнӣ (1878-1954)

Асосгузори адабиёти муосири тоҷик ва Қахрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ 15-апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи ноҳияи Гиждувон, вилояти Бухоро ба дунё омадааст.

Бузурги ва қувваи эъҷодиёти С.Айнӣ.

Дӯстон! Фоҷиаи сахт биёмад ба сарам,
Рафт аз ин фоҷиа рӯҳ аз тану нур аз басарам.
…Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!

…Хоҳам он хонаи бедоду ситам вайрон бод!
Хоҳам, он маҳкамаи ҷабр мазористон бод!
Хоҳам, он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо,
Реза-реза шуда бо хоки сиях яксон бод!
Хоҳам он муфтию он қозию он шоҳу вазир,
Сарнагун гашта ба хуни худашон ғалтон бод!

Шеърҳои ба мактабу илмҷӯи бахшидаи Айнӣ бо забони соддаю воситаҳои тасвири дилнишин гуфта шудаанд. Идеяҳои маорифпарварии ӯ дар шеърҳои «Замзамаи дабистон», «Суруди мактаб», «Саҳаргоҳон» ва ғайра боварибахш ва самимона эъҷод гашта, ба фазилати мактаб, таълиму тарбия такя дорад:

… Биёед эй рафиқон дарс хонем,
Ба бекорию нодони намонем,
Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Нахустин асари калони насрии Айнӣ повести «Ҷаллодони Бухоро» дар соли 1920 эъҷод шудааст. Дар ин асар нависанда як қатор эпизодҳо, рафтору кирдори пурдаҳшати амир, ваҳшоният, фитнагари ва маккории амалдорони ӯро дар ҳикоя ва сухбатҳои байниякдигарии персонажҳои гуногун кушодааст.
Повести «Одина», «Гуломон», «Дохунда» дар таърихи адабиёти советии тоҷик ҳамчун эпопеяи (ҷангномаи) сегона таълиф шудааст.
Устод Айнӣ, ки бештар ба мавзӯъҳои таърихи муроҷиат мекард, орзу дошт дар асари мустақиле ба мавзӯи вокеаҳои замони баъди револютсия ҳам рӯ орад. Бо ин максад ӯ повести «Ятим»-ро (1940) ба 10-солагии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон бахшида буд. Мавзӯи асар аз воқеаҳои солҳои аввали баъди Револютсияи Халқии Бухоро шурӯъ мешавад: табақаи доро бо сохти нави Шӯравӣ созиш накарда, на фақат худ бо молу давлаташ ба хориҷа ҳичрат мекард, инчунин зердастону хизматгоронашро бо фиребу найранг ба роҳи ғалат андохта низ бо худ мебурд.

Мероси илми ва адабии устод

Садриддин Айнӣ ба эъҷоди асарҳои илми ҳанӯз дар ибтидои асри XX шурӯъ карда буд. Аввалин асарҳои илмии устод китобҳои дарсӣ буданд, ки барои мактабҳои навтаъсис иншо гардидаанд. Яке аз онҳо «Тахзибуссибён» аст, ки устод аз нигоҳи нав барои толибилмони хурдсол онро иншо кард. Дар китоб дар баробари додани қоидаҳои забон ҳикояҳои хурди пандомез, ки бештари онҳо эъҷоди худи муаллиф буданд, дохил гардидаанд.
Пас аз Инқилоби Октябр як гурӯҳ донишмандоне пайдо шуданд, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти моро инкор мекарданд. Устод ба муқобили ин чараёни носолими пантуркизм бархоста, китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»- ро соли 1926 иншо намуд. Устод дар ин асар исбот кард, ки тоҷикон мардуми таҳҷоии ҳамин сарзамин (Мовароуннахру Хуросон) буда, забону фарҳанг ва адабиёти қадима доранд. Устод дар асар намунаҳои зиёде аз эъҷодиёти адибони пешин ва ҳамзамононаш оварда, исбот менамояд, ки чароғи илму адабро кайҳо дар ин сарзамин устод Рӯдакӣ, Кисоии Марвази, Абухафси Суғди ва дигар адибон фурӯзон карда буданд. Ба ҳамин тарик, дар асоси факту далелҳои эътимодбахш таърихи кӯҳан, фарҳангу адабиёти ғани доштани тоҷиконро собит менамояд. Аҳамияти дигари ин асар боз дар он аст, ки барои муҳаққиқони оянда дар омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик маслихатҳои муфид медиҳад, ки имрӯз ҳам «Намунаи адабиёти тоҷик» басо арзишманд аст. Ва мардуми моро дар руҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбият менамояд.
Пас аз ин устод Айнӣ дар бораи симоҳои барҷастаи фарҳангӣ ва адабии тоҷик ба навиштани асарҳои илмию тадқиқоти мепардозад Соли 1934 асари пурарзиши худ дар бораи Фирдавсӣ ва «Шохнома»- и ӯро ба анҷом мерасонад. Ҳамин тавр, пайдарҳам асарҳои «Шайхураис Абуалии Сино», «Шайх Муслихиддин Саъдии Шерозӣ», «Устод Рӯдакӣ», «Камоли Хуҷанди», «Алишер Навоӣ», «Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» ва амсоли инҳоро ба табъ мерасонанд. Устод дар асарҳои хеш бисёр масъалаҳои баҳсталаб ва ҳалнашудаи ҳаёту эъҷодиёти адибони дар боло ёдшударо бо далелу бурҳонҳои қотеъ ҳал менамояд. Чунончи, солҳои тӯлони доир ба бисёр масъалаҳои мубрами ҳаёту фаъолияти эъҷодии Абулқосим Фирдавсӣ, чи дар байни муаллифон сарчашмаҳо ва чи дар байни шарқшиносони Шӯравиву хориҷи фикру мулоҳизаҳои мухталиф мавҷуд буданд. Аксарияти онҳо ривоятҳои афсонавиро хамчун факту далелҳои эътимодбахш қабул намуда, ба ғалатҳо роҳ дода буданд.
Аз ин ҷихат хизмати устод Айнӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ба тадқиқи ҳаёту фаъолияти Фирдавсӣ ба воситаи асари офаридааш ибтидо гузошт ва роҳи ояндаи омӯзиши мухаққиқонро муйян намуд.
Ба ҳамин тариқ, устод муддати тӯлони ранҷ кашида, аз наҳли куҳан боғи зебое орост, ки имрӯз пажуҳишгарон аз бӯи гулҳои муаттараш баҳра мегиранд, асарҳои пурарзиш меофаранд. Худи устод ин маъниро ба тариқи зайл баён кардааст:

Ин боғ зи наҳли кӯхан оростаам,
В-он наҳл ба теғи хона пиростаам.
Сайронгаҳе зиёда кардам ба шумо,
Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.

Асосан устод бо шеъри «Гули сурх», ки соли 1895 бо тахаллуси Айнӣ эъҷод карда буд, ба остонаи адабиёт ё шеъру шоири ворид гардид. Таърихи эъҷоди шеъри мазкур ҳам аҷиб аст. Дар ин шеър устод пас аз тасвири баҳору зебоиҳои он ва ситоиши «Гули сурх» дар банди охири он аз муфлиси, нодорами ва қашшоқии хеш дарду аламашро изхор мекунад:

Рози дил мегуфтам ар як марҳаме медоштам,
Шикваҳо мекардам аз ғам ҳамдаме медоштам
Аз тамошои Гули сурх аз чи мемондам ҷудо
Гар ба каф чун аҳли олам дирҳаме медоштам

Устод Айнӣ пас аз Инқилоби Октябр роҳбару сарвари адибони тоҷик гашт ва худ ашъори рангин иншо кард. Аммо дар тӯли солҳо мазмуну мундариҷаи идеявии ашъори адиб комилан тағйир ёфт. Акнун ба мавзӯъҳои талаботи рӯз даст зада, дар бораи инқилобу озодии мардуми заҳматкаш сухан меронад. Шеърҳои «Марши ҳуррият», «Ба шарафи инқилоби октябр», «Якуми май» ва ғайраҳо эъҷод намуд. Инчунин дар ашъораш мавзӯъҳои байналмилаллии дӯстиву рафоқати меҳнаткашони дуне меҳнати софдилонаи мардуми тоҷик мавкеи асосӣ дошт. Соли 1923 дар Тошканд мачмуаи ашъори устод бо номи дар «Ахтари Инқилоб» аз чоп баромад.
Вале устод Айнӣ эхсос кард, ки замон дигар шуда, вазифаю масъулияти зиёде ба душ дорад. Дар адабиёт образҳои нав офаридан лозим. Аммо назм барои баёни чунин афкору андеша гуфстариши ходисаю воқеоти рӯз тангӣ мекард. Ба ин маъни устод чунин ибрози назар кардааст:

Айнӣ, ба як ғазал натавон арзи ҳол кард
Бояд ба инқилоб навишт китоби сурх.

Яке аз асарҳои барҷастаи устод, ки солҳои дароз дар болои он кор кард, «Ёддоштҳо» мебошад. Ӯ пеш аз маргаш тавонист, ки ин шоҳасарашро ба анҷом расонад. Устод бо ин асараш сазовори лаурети мукофоти давлати гардид. «Ёддоштҳо» аз чаҳор ҷилд иборат буда, рӯзнигори якдавраи томи халқи тоҷикро фаро гирифтааст, ки қахрамони асосии асар худи устод мебошад. Ҳодисаю воқеаҳои солҳои 80 то ғалабаи инқилоби, ки устод Айнӣ яке аз иштирокчиёни фаъоли он буд бисёр ҷозиб ва мушаххас инъикос ёфтааст. Аз ин хотир, ин асар дар адабиёти тоҷик хамчун асари ёддошти ёд шудааст. Дар дохили «Ёддоштҳо» бисёр қисса, новелла, ҳикоя ва повестҳои алоҳида ворид гаштанд. Аз ин ру «Ёддоштҳо»-ро метавон ҳамчун маҷмуи осори насрии солҳои охири устод ба қалам дод.
Ҳамин тавр, устод Айнӣ асосан аз «Бадое-ул-вакоеъ»-и Восифӣ илҳом гирифта, эъҷодкорона аз он истифода бурда, шоҳасари бузург «Ёддоштҳо»-ро офарид, ки он ба аксарияти забонҳои дунё тарҷума шудааст.
Осори бузурги Садриддин Айнӣ, ки саросар зиндагиро вақфи хидмат ба одамизодагон кард ва партаве дар ҷахони маърифат тофт, ки ҳаргиз фурӯ нахоҳад нишаст, дар миён ҳаст ва хоҳад буд ва ҷовидон хоҳад монд.
Имрӯзҳо дар хама ҷо номи Айниро вомехурем. Дар худи шаҳри Душанбе муҷассамаи ӯ гузошта шудааст, ба номи ӯ театри опера ва балет инчунин кучаю хиёбон ва боғ гузошта шудааст. Дар вилояти Суғд ба номи ӯ ноҳия гузошта шудааст, ки як вактҳо худи ӯ дар он чо зиндагӣ карда буд. Дар Кӯлоб низ ӯро ҳама медонад ва меҳнаташро қадр мекунанд. Яке аз калонтарин китобхонаи ш. Кулоб ва инчунин хиёбон ва куча низ ба номи Айнӣ гузошта шудааст. Мо хеҷ гоҳ қаҳрамони Тоҷикистон С. Айниро фаромуш намекунем ва нахоҳем кард.
Устод Айнӣ таърихдон, забоншинос, луғатдон, мураббӣ ва омӯзгор, марди пуркору меҳнатдӯст буд. Ҳар гоҳ, ки шахс бо муҳаббат ба чини пешонии устод назар андозад, ба хотираш мавҷҳои дарёҳои бузург ва рудҳои шӯх меоянд. Он мавҷҳо ҳам васеъ, ҳам амиқ, ҳам мусаффо менамоянд. Он мавҷҳо аз меҳнати чандинсолаи ин адиби бузург шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ, асарҳои эъҷодкардаи устод оинаи дили халқи мо шудаанд. Онҳо орзу, умед ва муборизаҳои халқи моро инъикос мекунанд.

Источник

Садриддин Айнӣ

Садриддин Айнӣ (1878 — 1954) (порсӣ: صدرالدین عینی) — бунёдгузори адабиёти советии тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти АИ ҶШС Тоҷикистон (1951- 1954), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ўзбекистон. Қаҳрамони Тоҷикистон(1997).

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол

Орзую ҳаваси илму шеър Айниро дар 12-солагӣ ба Бухоро овард. Ба мадрасаҳои Бухоро дохил шудан ва дониш гирифтан барои Айнӣ барин фақирзодагони илмҷӯ хеле мушкил буд. Вале ӯ ба шарофати ҳавасмандӣ ва толиби илм буданаш тамоми душвориҳои рӯзгор ва омӯзишро паси сар карда, 16 сол дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намудааст. Айнӣ дар мадрасаҳои мири Араб, Олимҷон, Бадалбек, Ҳоҷӣ Зоҳид ва Кӯкалдош таҳсил карда, соли 1908 онро хатм мекунад.

Муддати 27 соли зиндагӣ дар Бухоро Айнӣ боз аз ду мактаби дигар гузаштааст: яке мактаби меҳнат ва дигаре мактаби ҳаёт. Барои ёфтани қути лоямуташ ӯ аз ҳеҷ кору заҳмат даст накашидааст: гоҳ фарроши мадраса, гоҳ ошпаз, гоҳ ҷомашуй, гоҳ мардикор буд. Дар мактаби ҳаёт Садриддин ҳаёти ҷамъиятро омӯхт. Аз табақаю тоифаи гуногуни одамон, муносибатҳои синфии мардум, ҷаллодони амир, задухӯрдҳои дорою нодоро дониши зиндагӣ меомӯхт. Аз соли 1896 Садриддин Айнӣ бо тахаллуси адабии «Айнӣ» ба навиштани шеърҳои мустақилона cар кардааст. Назари устод Айнӣ пас аз мутолиа кардани асари Аҳмади Дониш «Наводир-ул-вақоеъ» нисбат ба сохти пӯсидаи аморати Бухоро тамоман дигар гардид ва нисбат ба ин ҷамъияти фарсуда дар дили ӯ як нафрати ниҳоние пайдо шуд. Аз ин рӯ, дар ибтидои асри 20 устод эҷодиёти идеяҳои пешқадами маорифпарварон Аҳмади Дониш ва Шоҳинро давом дода, роҳи ояндаи худро муайян намуд. «Таҳзиб-ус-сибён»-ро устод Айнӣ маҳз ба хотири тарбияи наврасон дар рӯҳияи муосир соли 1909 барои шогирдони дар Бухоро мактабҳои усули нав офарид.

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи холЧунин корҳои хайр ба Амир маъқул набуд. Аз ин хотир, устодро ба зиндон мепартояд ва ӯро 75 чӯб мезананд. Пас аз 52 рӯзе, ки дар беморхона муолиҷа мекунад, Садриддин Айнӣ ба Самарқанд кӯчида меояд. Ӯ чи дар Самарқанд ва чи дар Тошкент дар корҳои комитети револютсионӣ иштирок карда, варақа, даъватнома ва баённомаҳои ҷангӣ менависад, тарғиботу ташвиқот мебарад. Амири Бухоро аз он ки Ҳокимияти Шуравӣ ба Айнӣ пушту паноҳ шудааст, бо тӯҳмати алоқа доштан бо муборизони зиддиаморат, бародари хурдии нависанда – Сироҷиддинро ваҳшиёна дар зиндон мекушад. «Марсия» – и ҷонгудози Айнӣ ба ҳамин муносибат навишта шудааст. Ҳирси хунхории Амир бо ин ҳам қаноат накарда, бародари калонии ӯ Мухиддинхоҷаро низ қатл менамояд. Баъди ин воқеаҳо қалами Айнӣ тезу бурро шуд ва ба ӯ муяссар гардид, ки дар мақолаю рисолаҳо, асарҳои таърихӣ ва бадеии минбаъдааш нишон диҳад, ки бо хоку замин яксон шудани тартибу низоми амирӣ таърихан қонунист. Ҳамин тавр, бо ғалабаи Инқилоби Октябр нависанда аз нав ҷавон шуд. Аз соли 1918 дар системаи маорифи халқ ва нахустин матбуоти инқилобии тоҷику ӯзбек кор кардааст.

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи холБаъд аз таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (1920) муддате дар консулхона, сипас дар идораи тоҷорати он хидмат кардааст. Аз соли 1926 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон вазифаҳои мушовир ва муҳаррири адабиро баҷой овардааст. Соли 1934 дар Анҷумани якуми умумииттифоқии нависандагони шӯравӣ ширкат варзида, узви Раёсати Иттифоқи нависандагони СССР интихоб шудааст. Дар соҳаи илм ба ӯ дараҷаи доктори илмҳои филологӣ бахшида шуда, бо унвони академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон тақдир карда шуд. Айнӣ академики АИ ҶШС Тоҷикистон таъин гашт, ӯ нахустпрезиденти АИ ҶШС Тоҷикистон (1951—1954) мебошад. Устод Садриддин Айнӣ соли 1954 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳоло Мақбараи Айнӣ дар як ҷои хушманзараи Душанбе зиёратгоҳи аҳли адаб аст. Он ҷоро ҳозир Боғи фароғат ва истироҳати ба номи Садриддин Айнӣ мегӯянд.

Фаъолияти омӯзгории Садриддин Айнӣ ҳанӯз айёми мадрасахонияш оғоз гардида, дар ду самт идома ёфтааст : 1.Таълим дар мактабҳои усули нав. 2.Таълифи китобҳои дарсӣ.

Соли 1906 дар Бухоро Абдураҳмон Саидӣ ном тотор нахустин мактаби нави тоториро таъсис дод. Азбаски дар ин мактаб чанде аз бачаҳои тоҷик низ таҳсил мекарданд, Айнӣ дарсҳои Саидиро бо забони тоҷикӣ барои талабагони тоҷикзабон тарҷума мекард. Вақте ки 8 ноябри соли 1908 дар ҳавлии Мирзо Абдувоҳиди Мунзим аввалин мактаби нави тоҷикӣ кушода мешавад, фаъолияти омӯзгории Айнӣ боз ҳам васеъ гардид. Дар мактаби М.А. Мунзим ва С. Айнӣ низ нарасидани китобҳои зарурӣ эҳсос карда мешуд. Бо мақсади бартараф намудани ин норасоӣ соли 1909 бо ташаббуси ҳар ду “Ширкати Бухорои Шариф” таъсис гардид. Ин ширкат дар навбати аввал барои саҳеҳ талаффуз кардани овозҳои нутқ, махсусан оятҳои Қуръон, китоби “Тартиб- ул-Қуръон”- ро ҳозир намуданд.

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол

Бо ташаббуси С. Айнӣ инчунин китоби дигари дарсӣ “Таҳзиб-ус-сибён” (“Тарбияи ҷавонон”) тайёр ва нашр шуд. Лозим ба ёдоварист мактабҳои усули нав аз макотиби маъмули амирӣ куллан фарқ мекарданд. Хонандагон дар мактабҳои амирӣ, ки Садриддин Айнӣ усули дарсгузарии онҳоро дар асари «Мактаби кӯҳна» тасвир кардааст, чанд соли умри худро зоеъ карда боз бесавод мемонданд. Толибони хурдсоли мактаби кӯҳна танҳо кӯр – кӯрона хондану аз ёд кардани Қуръон ва дигар китобҳои диниро меомӯхтанд. Дар макотиби усули нав бошад, толибон дар давоми чанд моҳи таҳсил хондану навиштанро аз бар мекарданд. Дар мактабҳои мазкур ғайр аз улуми динӣ боз ба бачаҳо илмҳои табиӣ ва фанҳои дақиқро низ меомӯзонданд. Ҳамаи ин боис шуд, ки муллоҳои мутаассиб зидди макотиби нав ва муаллимони онҳо балво бардоранд. Уламои дин, ки ба дарки аслии таълимоти ислом намерафтанд, муаллимони мактаби навро «кофир» ва мактабро «шайтонхона» эълон карда, аз мардум даъват менамуданд, ки фарзандони худро ба мактабҳои кофирӣ надиҳанд.

Дар ҳама ҷо муассисон ва муаллимони мактабҳои навро таҳқир мекарданд таҳдид менамуданд, балои охири замон мехонданд. Махсусан Абдувоҳиди Мунзим ва Садриддин Айнӣ зери фишорҳои зиёд қарор доштанд. Аммо эшон пешаи муқаддаси омӯзгориро тарк накарданд, ҳатто лаҳзаҳое будааст, ки барои амон ёфтан аз чанги душманон либосҳои занонаро ба бар карда суйи мактаб рафтаанд. Вале 25 сентябри соли 1909, бо амри ҳукумати амирӣ, мактаби Мунзим баста шуд. Баъд аз ин таҳсили бухороиёнро дар мактабҳои усули нави тоторӣ ҳам манъ намуданд.

Суратхо-расмхои Садриддин Айни

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи холХонаи С.Айни дар Бухоро

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол

Эҷодиёти устод

Эҷодиёти Айнӣ аз солҳои 90-уми асри XX шуруъ мешавад ва ӯ зуд дар радифи шоирони пешқадам қарор мегирад. Осори адабии ӯ дар қолаби назму наср офарида шудаанд. Нахустин ашъорашро ҳанӯз дар овони таҳсили мадраса таҳти тахаллусоти «Муҳтоҷӣ», «Ҷунунӣ» ва «Сифлӣ» ба қалам овардааст. Аз соли 1895 тахаллуси «Айнӣ»-ро қабул ва бо ҳамин ном шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Устод бо шеъри «Гули сурх», ки соли 1895 бо тахаллуси Айнӣ эҷод карда буд, ба остонаи адабиёт ё шеъру шоирӣ ворид гардид. Таърихи эҷоди шеъри мазкур хам аҷиб аст. Дар ин шеър устод пас аз тасвири баҳору зебоиҳои он ва ситоиши «Гули сурх» дар банди охири он аз муфлисӣ, нодорамӣ ва қашшоқии хеш дарду аламашро изҳор мекунад:

Рози дил мегуфтам ар як марҳаме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам ҳамдаме медоштам Аз тамошои Гули сурх аз чи мемондам ҷудо Гар ба каф чун аҳли олам дирҳаме медоштам

Шеърҳои даврони мадрасаи ӯ дар пайравии шоирони гузаштаву муосираш эҷод шуда, бештар ба кайфияту ҳолати зиндагонии давраи таҳсилаш алоқаманд будаанд. Чанде аз ин қабил шеърҳояш ба тазкираву ҷунгу баёзҳои ҳамон замон дохил шудаанд. Баъдтар, дар ҷараёни фаъолияти маърифатпарварӣ, шеърҳои тарбиявӣ гуфтааст.

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи холКитоби дарсии «Тазҳиб-ус-сибён» (1909–1917) ва манзумаи тамсилии «Кирмаку Парвона» (1917) моҳияти тарбиявию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дошта, аз беҳтарин офаридаҳои пешазинқилобии ӯ ба шумор мераванд. Пас аз ғалабаи Инқилоби Октябр ҳаёту эҷодиёти худро бо тақдири халқи мубориз ва бунёдкори шӯравӣ пайваста, аввалин намунаҳои назми инқилобии тоҷикро ба вуҷуд овардааст. Шеърҳои дар тӯли солҳои 1918-1921 навиштаи ӯ «Марши ҳуррият», «Ба шарафи Инқилоби Октябр», «Инқилоб», «Марши байналмилал», «Якуми Май» ва ғ. дар маҷаллаи «Шуълаи Инқилоб» ва ҷаридаи «Меҳнаткашлар товуши» («Садои меҳнаткашон») чоп шуда, ба нахустин маҷмӯаи ашъораш «Ахгари Инқилоб» (Бухоро, 1923) ворид гардидаанд. Ҳамчунин, он солҳо дар боби воқеаҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ мақолаҳои зиёди публитсистӣ навишта, моҳияти ҳаводиси ҳаррӯзаи даврони инқилобро ба тӯдаҳо фаҳмондааст. Вале устод Айнӣ эҳсос кард, ки замон дигар шуда, вазифаю масъулияти зиёде ба дӯш дорад. Дар адабиёт образҳои нав офаридан лозим. Аммо назм барои баёни чунин афкору андеша густариши ҳодисаю воқеоти рӯз тангӣ мекард. Ба ин маънӣ устод чунин ибрози назар кардааст:

Айнӣ, ба як ғазал натавон арзи ҳол кард Бояд ба инқилоб навишт китоби сурх.

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи холНахустин шеъри инкилобие, ки дар он барномаи сиёсию иҷтимоии С. Айнӣ эълон гардидааст, ин « Марсия» – и ӯст. Ин асар ба муносибати фочиаи кушта шудани бародараш Сироҷиддин бахшида шуда буд:

Дӯстон! Фоҷиаи сахт биёмад ба сарам, Рафт аз ин фоҷиа рӯҳ аз тану нур аз басарам. Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам, Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам! Хоҳам, он хонаи бедоду ситам вайрон бод! Хоҳам, он маҳкамаи ҷабр мазористон бод! Хоҳам, он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо, Реза-реза шуда бо хоки сияҳ яксон бод! Хоҳам, он муфтию он қозию он шоҳу вазир, Сарнагун гашта ба хуни худашон ғалтон бод!

Шеърҳои ба мактабу илмҷӯӣ бахшидаи Айнӣ бо забони содаю воситаҳои тасвири дилнишин гуфта шудаанд. Идеяҳои маорифпарварии ӯ дар шеърҳои “Замзамаи дабистон”, “Суруди мактаб”, “Саҳаргоҳон” ва ғайра боварибахш ва самимона эҷод гашта, ба фазилати мактаб, таълиму тарбия такя дорад:

Биёед, эй рафикон, дарс хонем, Ба бекорию нодонӣ намонем, Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Асарҳои бадеӣ

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи холТадриҷан зарурати дар эҷоди бадеӣ тасвир намудани симои қаҳрамонон ва бунёдкунандагони ҷамъияти сотсиалистиро ҳис карда, дар боби адои ин вазифа насрро қолаби мувофиқтар донистааст ва ҷиддан ба насрнависӣ гузашта, аввалин очерку ҳикоя ва қиссаву романҳои ҷолибашро тақдими адабиёт намуда, барҳақ асосгузори насри реалистии тоҷик гардидааст. Соли 1920 якумин қиссаи мусаннади худ «Ҷаллодони Бухоро»-ро навишта, дар заминаи корбасти санаду далелҳои муътамади таърихӣ разолату ҷаҳолат ва ҳодисаву фоҷиаҳои хунбори вопасин рӯзҳои аморати Бухороро ҷасурона фошу мазаммат кардааст. Баъдан қиссаи «Саргузашти як тоҷики камбағал ё ки Одина»-ро ба қалам оварда, қисмҳои аввали онро солҳои 1924-1925 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп кунондааст. Соли 1927 қиссаи мазкур таҳти унвони «Одина» дар шакли китоби алоҳида чоп шудааст. Дар асар ҳаёти тоҷикони кӯҳистони Бухорои Шарқӣ дар арафаи инқилоб тасвир ёфтааст. Нахустин романи ӯ «Дохунда» соли 1930 аз чоп баромад, ки лаҳзаву лавҳаҳои дилхароши зиндагонии пешазинқилобию даврони инқилоб ва ҷангу хунрезиҳои ҳамватаниро фаро гирифта, муборизаи халқи тоҷикро дар роҳи озодӣ ва бунёди ҳаёти нав воқиъбинона ба тасвир овардааст.

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи холСоли 1935 калонтарин романи ӯ «Ғуломон» интишор ёфтааст, ки ҳаёти беш аз садсолаи халқамонро инъикос намуда, дар бораи чӣ тавр аз ҳолати мазлумӣ ба зиндагонии саодатманди сотсиалистӣ расидани мардумро равшану зиндаву гӯё ҳикоят кардааст. Солҳои 1935-1940 чанд асари дигари мансур офаридааст, ки қиссаҳои мусаннади ёддоштии «Мактаби куҳна»-ву «Ятим» аз он ҷумлаанд. Устод Айнӣ ба воситаи қиссаву романҳои номбурда аввалин бор дар таърихи адабиётамон оммаи меҳнаткашро каҳрамони асосии адабиёт қарор додааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) Устод як силсила ҳикоя, очерки таърихӣ ва мақолаи публитсистӣ таълиф намуда, вуҷуди ватандӯстони тоҷикро ба ҷӯшу хурӯш овардааст ва адовати сӯзонашонро нисбат ба фашизм аланга бахшидааст. Дар тӯли солҳои 1949-1954 асари чорҷилдаи тарҷумаиҳолии «Ёддоштҳо» ба табъ расид, ки дар авроқи он муҳимтарин лаҳзаҳои таърихи ҳаёти халқи тоҷик дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX инъикос ёфтаанд. Ин асари безаволу беназир, ки ҳам дар баёни ҳақиқати зиндагӣ, ҳам дар фарогирии хулосаҳои амиқи пурҳикмат ва ҳам дар нигориши бадеию офариниши образҳои мухталиф ба авҷи камол расидани маҳорати адабии нависандаро нишон медиҳад, на фaқат дар эҷодиёти ӯ мавқеи марказиро ишғол намудааст, балки яке аз муваффақиятҳои ба назар намоёни адабиёти тоҷик дар солҳои пас аз ҷанг эътироф гардидааст. Яке аз асарҳои барҷастаи устод, ки солҳои дароз дар болои он кор кард, «Ёддоштхо» мебошад.

Саҳми илмӣ

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи холУстод Айнӣ, дар баробари фаъолияти адабӣ, бисёр асарҳои пурқимати илмӣ ҳам таълиф намудааст, ки «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (Тошканд, 1923), «Материалҳо оид ба таърихи Инқилоби Бухоро» (Маскав, 1926) ва чандин мақолаву очерки тадқиқотӣ намунаи онҳостанд. Соли 1934 асари пурарзишро дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»- и ӯ ба анҷом мерасонад. Ҳамин тавр, пайдарҳам асарҳои «Шайхурраис Абуалии Сино», «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ», «Устод Рудакӣ», «Камоли Хуҷандӣ», «Алишер Навоӣ», «Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» ва амсоли инҳоро ба табъ мерасонанд. Устод дар асарҳои хеш бисёр масъалаҳои баҳсталаб ва ҳалнашудаи ҳаёту эҷодиёти адибони дар боло ёдшударо бо далелу бурҳонҳои қотеъ ҳал менамояд. Чунончи, солҳои тӯлонӣ доир ба бисёр масъалаҳои мубрами ҳаёту фаъолияти эҷодии Абулкосим Фирдавсӣ, чи дар байни муаллифон сарчашмаҳо ва чи дар байни шарқшиносони шӯравиву хориҷӣ фикру мулоҳизаҳои мухталиф мавчуд буданд. Аксарияти онҳо ривоятҳои афсонавиро ҳамчун факту далелҳои эътимодбахш қабул намуда, ба ғалатҳо роҳ дода буданд. Аз ин чиҳат хизмати устод Айнӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ба тадқиқи ҳаёту фаъолияти Фирдавсӣ ба воситаи асари офаридааш ибтидо гузошт ва роҳи ояндаи омӯзиши муҳаққиқонро муайян намуд. Ба ҳамин тариқ, устод муддати тӯлонӣ ранҷ кашида, аз нахли кӯҳан боғи зебое орост, ки имрӯз пажӯҳишгарон аз бӯйи гулҳои муаттараш баҳра мегиранд, асарҳои пурарзиш меофаранд. Худи устод ин маъниро ба тариқи зайл баён кардааст:

Ин боғ зи нахли куҳан оростаам, В-он нахл ба теғи хона пиростаам. Сайронгаҳе зиёда кардам ба шумо, Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи холМақолаҳои ӯ доир ба масъалаҳои мубрами забоншиносӣ дар роҳи демократӣ кунондани забони адабии тоҷик ва инкишофи он нақши муҳим бозидаанд. Хидмати ӯ, махсусан, дар соҳаи адабиётшиносӣ хеле бузург аст ва беҳуда нест, ки таърихи адабиётшиносии даврони шӯравии тоҷик аз соли нашри нахустин асари сарнавиштсози тадқиқотии ӯ – «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) солшуморӣ мешавад. Осори адабию илмии Устод Айнӣ дар Куллиёти 15-ҷилда гирдовардӣ шудаанд, ки то имрӯз 14 ҷилди он аз чоп баромадааст. Устод Айнӣ ҳиссае аз асарҳояшро ба забони ӯзбекӣ ҳам таълифу тарҷума карда, дар ташаккули адабиёти даврони шӯравии ӯзбек ҳам саҳми сазовор гузоштааст, ки муҳимтарини онҳо дар мунтахаби ҳаштҷилдаи осораш (ба забони ӯзбекӣ) дар Тошканд интишор ёфтаанд. Устод Айнӣ дар бобати нашри осори гузаштагон ва тарҷумаву таҳрири асарҳои тарҷумавии нависандагони халқҳои бародар низ фаъолона ширкат доштааст. Тарҷумаи романи Ф.Дюшен «Қамар» (1927) аз тоторӣ ба тоҷикӣ мутаъаллиқи хомаи заркори ӯст. Аксарияти таълифоти ӯ, минҷумла, асарҳои калони насрияш, ба забонҳои гуногуни олам тарҷума ва борҳо чоп шудаанд.. [5]

Ҳазорон ҳамчу булбул дар баҳоре мешавад пайдо, Навосанҷе чу ту дар рӯзгоре кай шавад пайдо?

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол

Самарканд 1912 сол

Осори бузурги Садриддин Айнӣ, ки саросар зиндагиро вақфи хидмат ба одамизодагон кард ва партаве дар ҷаҳони маърифат тофт, ки ҳаргиз фурӯ нахоҳад нишаст, дар миён тарҷума ва хоҳад буд ва ҷовидон хоҳад монд.

Мукофоту ҷоизаҳо

Барои хизматҳои адабӣ ва ҷамъиятиаш Айнӣ

Соли 1978 бо қарори ЮНЕСКО 100-солагии зодрӯзи устод дар тамоми ҷаҳон қайд карда шуд.

Мероси адабӣ ва илмии устод

АДРЕС МУЗЕЯ С. АЙНИ В Г ДУШАНБЕ НА КАРТЕ

Адабиёт дар бораи Садриддин Айнӣ

садриддин айни биография на таджикском тарчумаи хол

Ба забони тоҷикӣ:

Источник

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *